Loading color scheme

Тарси Украина аз вуруди паноҳандагон ва ба марзаш нерӯҳои изофӣ мефиристад

Назарҳо: 271

Киев низ мисли Варшава аз вуруди гурезаҳо ба таври қатъӣ метарсад. Ба ин хотир, дар марзаш бо Белорус амалиёти вижаи марзии "Полесе"-ро роҳандозӣ менамояд. Ин амалиёти махсус дар якҷоягӣ бо Гвардияи миллӣ, полис, Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар қудратҳо гузаронида мешавад. Ҳамчунин дар ин амалиёт ҳавопаймоҳо ва дронҳо ба амният ва назорат ҷалб карда мешаванд. Дар ояндаи наздик аз буҷаи давлатӣ барои таҳкими сарҳад 6,5 миллион доллар ҷудо карда мешавад.

“Тоҷикони Амрико”