Аз иқтисод ба дипломатия. Сафири ҷадиди Тоҷикистон дар ИМА кист?
-
Назарҳо: 219
Дар аввали декабри соли гузашта бо як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон сафири кишвар дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иваз шуд. Қаблан ки Фарҳод Салим аз Душанбе дар Вашингтон намояндагӣ мекард, ба далели ба кори дигар гузаштан аз ин мансаб рафт ва Фаррух Ҳамрализода ба курсии ӯ дар сафорати Тоҷикистон дар ИМА нишаст. Фаррух Ҳамрализода то мансуб шуданаш ба сафирии Тоҷикистон дар Амрико аз қабили он мақомдороне буд, ки ҳамеша дар бахши иқтисодии ҳукумат кор мекард. Ин матлаб ба шаҳри мухтсари ҳолномаи ӯ ихтисос дорад ва аз аввалин ҳолномаҳои суфарои Душанбе дар Вашингтон хоҳад буд.
Фаррух Ҳамрализода соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ба мисли соири мардони тоҷик, ки пас аз хатми мактаби ҳамагонӣ ба суфуфи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ба хидмати ҳарбӣ даъват мешуданд, ӯ низ дар ин артиш хидмати сарбозӣ кардааст. Бинобар ин мавсуф солҳои 1986-1988 сарбози артиши Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Тибқи ҳолномаи ӯ, сафири кунунии Тоҷикистон дар Амрико соли 1991 Донишгоҳи давлатии техникии ба номи Баумани Маскавро хатм кардааст.
Фаъолияти кории Фаррух Ҳамрализода дар соли 1991 аз Кумитаи давлатии иқтисоди кишвар шуруъ шудааст. Ӯ бахши сиёсати зиддиинҳисорӣ ва соҳибкории хурди ин кумита ба фаъолият пардохт. Пас аз он вай дар солҳои 1993-1994 дар бахши ислоҳоти иқтисодӣ ва тавсеаи зерсохти бозор, сиёсати зиддинҳисорӣ ва соҳибкории хурди Вазорати иқтисод ва молияи Тоҷикистон фаъолияташро идома дод. Солҳои 1995-1996 ба муованати бахши ислоҳоти иқтисодии Вазорати иқтисод ва равобити иқтисоди хориҷии Тоҷкистон расид. Фаъолияти ӯ дар ниҳодҳои мазбур то соли 1999 идома дошт.
Дар солҳои 1999-2005 мутахассиси харид, муовини мудир, мудири Маркази идораи лоиҳаҳои соҳаи маориф буд.
Ӯ дар соли 2005 ба Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат ба кор гузашт. Дар ин вазорат то соли 2007 масъулиятҳои калидиеро ба уҳда дошт. Аммо соли 2007 мудири шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва сармоягузории Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъйин шуд, ки ду сол дар ин симмат буд. Дар ин муддат ҳамзамон раҳбарии Лоиҳои таҷдиди системаи идории давлатиро низ ба уҳда дошт.
Фаррух Ҳамрализода тайи ду сол – солҳои 2008-2009 раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ буд. Аммо дар соли 2009 ба унвони вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мунтасаб шуд.
Солҳои 2012 – 2017 мушовири давлатии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба
сиёсати иқтисодӣ, ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои
иқтисодӣ буд ва соли 2017 раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон таъйин гашт. Соли 2018 бошад, Фаррух Ҳамрализода боз ба раёсати Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ баргашт.
Мавсув раёсати Кумиссиюни ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Чин, Ҳинд, Туркия ва Мисру Тоҷикистонро низ ба уҳда дошт.
Соли 2011 хабаргузории “Авасто” назарпурсиеро дар бораи афроди сарманд дар Тоҷикистон баргузор карда буд, ки Фаррух Ҳамрализода дар ин феҳраст қарор гирифта буд. Аммо Зафар Абдуллоев, раиси ин бунгоҳи хабарӣ дар он шабу рӯз дар суҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфта буд, ки ин як назарсанҷии ғайрирасмӣ ба хотири ин буд, ки хонандагон тавонанд аз роҳи раъйдиҳӣ доротарин ва пурнуфузтарин соҳибмансаби Тоҷикистонро муайян намоянд.
Ӯ ҳамчунин сазовори медали 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон низ дониста шудааст.
"Тоҷикони Амрико"