Loading color scheme

Путин бо раиси CIA (ЦРУ) телефонӣ гуфтугӯ кард

Назарҳо: 253

Путин бо раиси CIA (ЦРУ), Бернс равобити дуҷониба ва муноқишаҳои минтақавиро баррасӣ намуд.

Президенти Русия, Владимир Путин бо директори CIA Уилям Бернс телефонӣ гуфтугӯ кард, гуфт котиби матбуотии раисиҷумҳур, Дмитрий Песков.

Қаблан CNN бо такя ба манобеъи номаълум хабар дода буд, ки Бернс ба Маскав сафар кардааст, то Русияро дар бораи Украина "огоҳ" намояд ва ниятҳои Кремлро бифаҳмад. Ба гуфтаи ӯ, пас аз ин боздид мудири CIA бо Владимир Зеленский телефонӣ гуфтугӯ кардааст, то "танишҳои миёни Киев ва Маскавро мӯътадил созад".

"Бале, чунин сӯҳбат тавассути телефон сурат гирифтааст. Муносибатҳои дуҷониба, бӯҳрон дар рафтори дипломатӣ, табодули назар дар бораи низоъҳои минтақавӣ", - гуфт Песков.

Вай афзуд, дар сӯҳбат масоили амнияти киберӣ низ зикр шудааст.

«Тоҷикони Амрико»