Loading color scheme

Эрнест Ҳемингуэй зиндагӣ ба унвони як достон аст

Назарҳо: 217

Махсус барои "Тоҷикони Амрико"

Эрнест Миллер Ҳемингуэй (21 июли 1899 – 2 июли 1961) аз нависандагони барҷастаи муосири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва барандаи ҷоизаи Нобели дар риштаи адабиёт буд. Ӯ аз поягузорони яке аз таъсиргузортарин анвоъи адабӣ, мавсум ба «воқеънигори адабӣ » шинохта мешавад. Қудрати баёну забардастии Ҳемингуэй дар тавсифи шахсиятҳои достонӣ ба гунае буд, ки ӯро падари "адабиёти мудерн" лақаб додаанд.

 Зиндагӣ

Эрнест Ҳемингуэй дар 21 июли 1899 дар Ок парки иёлати Иллинойс мутаваллид шуд . Падараш Кларенс як пизишк ва модараш Грейс муаллими пианно ва овоз буд. Эрнест тобистонҳоро ба ҳамроҳи хонаводааш, ки дар шимоли Мичиган ба сар мебарад ва дар ҳамон ҷо буд, ки ӯ мутаваҷҷеҳи алоқаи шадиди худ ба моҳигирӣ шуд. Ӯ пас аз итмоми давраи дабистон, дар соли 1917 барои муддате дар Канзас ситӣ ба унвони гузоришгари "Гоҳномаٔи асотир" машғул ба кор шуд. Дар ҷанги ҷаҳонии аввал ӯ довталаби хизмат дар артиш шуд аммо заъфи биноӣ ӯро аз ин кор боздошт дар иваз ба унвони ронандаи омбӯлонси Салиби Сурх дар наздикии ҷабҳаи Италия ба хизмат гирифта шуд. Дар 8 июли 1918 маҷрӯҳ шуду моҳҳо дар бемористон бистарӣ буд.

Дар бозгашташ ба Иёлати Муттаҳида мардуми шаҳру маҳаллааш дар ОК парк аз ӯ монанди қаҳрамонон истиқбол карданд. Эрнест кори хабарнигориро аз сар гирифт. Эрнест ба кори достонинависӣ низ мепардохт . Тайи ҳамин даврон яъне байни солҳои 1921 то 1926 буд, ки ӯ дар мақоми як нависанда ба шӯҳрат расид.

Сабки вижаи ӯ дар навиштан ӯро нависандаи беҳамто ва бисёр таъсиргузор карда буд. Дар соли 1925 нахустин риштаи достонҳои кӯтоҳаш, дар замонаи мо мунташир шуд, ки ба хубӣ гӯёи сабки хоси ӯ буд . Хотироташ аз он даврон, ки пас аз марги ӯ дар соли 1964 бо унвон « иди мутағаййир » интишор ёфт, бардошти шахсии нависандагон, ҳунармандон, фарҳангу шеваи зиндагӣ дар даҳаи 1920 аст.

Эрнест ва Ҳедлӣ дар октябри 1923 соҳиби як фарзанд писар шуданду ном ӯро Ҷек гузоштанд. Ин хонаводаи ҷавон ба маконҳои зиёде аз Аврупо ба вижаи Аврупои марказӣ сафар мекард. Дар соли 1926 аввалин романи ӯ бар пояи таҷрибаҳои ба дастомадааш аз Испания бо номи « Хуршед ҳамчунон тулӯъ мекунад» ба чоп расид.

Эрнести Ҳемингуэй бештари умраш саргарми моҷароҷӯӣ буд. Аз захмӣ шудан дар Италия бар асари исобати 200 тиккаи таркиши гулӯлаи нерӯҳои Австрияӣ дар хилоли Ҷанги ҷаҳонии аввал  то ширкат дар хати мақдами ҷабҳаҳои ҷанги дохилии Испания ё сафарҳои туристӣ ба Африқо то моҳигирӣ ва шикори ҳайвоноти ваҳшӣ ва зиндагӣ дар Кубо. Саранҷом низ бо аслиҳаи шикорӣ худкушӣ кард.

 

Пирмард ва дарё

Аз муҳимтарин романҳои Ҳемингуэй "Пирамард ва дарё" аст, ки ҷоизаи Нобелро барояш ба армуғон оварад. Бо офариниши Сантиягои қаҳрамони "Пирамард ва дарё", Ҳемингуэй ба мартабаи тозае аз огоҳӣ мерасад. Пеш аз ин ӯ аз заъфу захмпазирии одамҳои сарсахт сухан мегуфт акнун аз сарсахтии як пирамарди заъиф сухан мегӯяд, пеш аз ин қаҳрамон ӯ равшанфикри ҳассосӣ буд, ки аз ҷанг мегурехт акнун қаҳрамонаш моҳигири соддаест, ки ҳар рӯз ба ҷанги табиат меравад. Пеш аз ин қаҳрамони ӯ мекӯшад фикрашро накунаду эҳсосоти худро буруз надиҳад акнун Сантияго мудом фикр мекунад ва ҳатто бо дарёву паранда ва моҳӣ ҳарф мезанад. Бад-ин тартиб камобеш ҳамаи мушаххасоти қаҳрамони Ҳемингуэй воруна мегардад, мартабаи тозаи огоҳии нависандаи пешин аст. Сайди моҳӣ метавонист подоше бошад барои он ҳамаи талош, мубориза ва таҳаммули дард аммо вақте Сантияго тавваҷӯҳи худро аз шӯру ҳол ба дом андохтани моҳӣ мунҳариф карда ва ба тамаъу манофеи моддӣ (фурӯши моҳӣ дар бозор) мутамарказ мекунад, шонсу иқбол аз вай рӯй бармегардонанд чаро ки дарё тамаъкориро подош намедиҳад.

 

 

Ҷилваҳое аз зиндагии шахсӣ

Эрнест Ҳемингуэй пас аз бозгашт аз Африқо дар соли 1934 ба Бруклин дар шаҳри Ню-Йорк рафт ва барои худаш қойиқе хариду исмашро «Пилор» гузошт.

Эрнест Ҳемингуэй ба муддати ёздаҳ соле гурбае ба ном « Вилӣ » дошт. Ӯ дар таърихи 22 феврали 1953 дар номае хитоб ба яке аз дӯстонаш ба номи Ҷон Фронк тавзеҳ медиҳад, ки ду пои гурбааш бар асари тасодуф бо як мошини саворӣ шикастааст. Як нафар ба ӯ пешниҳод мекунад, ки ӯ гурбаро ба қатл бирасонад, аммо Ҳемингуэй қабул намекунад, мегӯяд: « наметавонистам хавф доштам, ки ин корро кунам шояд касе аз ин кор мутаваҷҷеҳ шавад … » ниҳоятан вай ногузир туфангашро ин бори рӯ ба сӯии гурбаи дӯстдоштааш гирифта ва дар хонааш ба ӯ шиллик мекунад.

 

Марг

Ҳаёти худи нависанда низ монанди асархояш пур аз воқеаҳои пурҷушу хурӯш буд. Маҷрои онро худи Хемингуэй халалдор намуд. Тасодуфи аҷиб ва ё тақдири навиштаи бебозгашт ҳукм кард, ки писар ба ҳамон тавре ки падараш дар анҷоми умраш иҷро карда буд, умри худро ба охир расонд.

Эрнести Ҳемингуэй дар таърихи 2 июли 1961 милодӣ бо яке аз туфангҳои маҳбубаш худкушӣ кард. Хонаводааш дар ибтидо эълом карданд, ки Эрнест машғӯли тамиз кардан аслиҳа буд, ки тир аз он барҷасту боиси марги вай шудааст аммо пас аз панҷ сол ҳамсари вақташ Мэри ба анҷоми худкушии тавассути Ҳемингуэй эътироф кард.

Ҳемингуэй боварӣ дошт, ки сабаби худкушии падараш дар занаш, яъне модари Эрнест аст ва чӣ сабаб буд, ки худи нависандаро маҷбур намудааст, ки бо зиндагӣ ба ин роҳ видоъ кунад? Инро бо тай намудани роҳи зиндагии ӯ дар осораш фаҳмидан мумкин аст.

 

Осори  Эрнест Ҳемингуэй

 

Сол

Унвони тоҷикӣ

Унвони инглисӣ

1923

Се достон ва 10 шеър

Three Stories and Ten Poems

1926

Дар замони мо

In Our Time

1928

Мардон бидуни занон

Men Without Women

1933

Баранда ҳеҷ намебарад

The Winner Take Nothing

1926

Хуршед ҳамчунон медамад

The Sun Also Rises

1929

Видоъ бо аслаҳа

A Farewell to Arms

1932

Марг баъд аз Зуҳр

Death in the Afternoon

1935

Теппаҳои сабзи африқоӣ

Green Hills of Africa

1936

Барфҳои Калиманҷаро

The Snows of Kilimanjaro (short story)

1937

Доштану надоштан

To have and Have Not

1938

Сутуни панҷум ва чиҳил на достони кӯтоҳе

The Fifth Column and Forty-nine short stories

1940

Зангҳо барои кӣ ба садо дармеоянд

For Whom the Bell Tolls

1942

Беҳтарин достонҳои ҷанги тамоми замонҳо

The Best War Stories of All Time

1950

Дар имтидоди рӯдхона ба самти дарахтҳо

Across the River and into the Trees

1952

Пирамард ва дарё

The Old Man and the Sea

1960

Маҷмӯаи ашъор