Loading color scheme

Маҳмадамин Маҳмадаминов, филолог ва иқтисоддони дипломат

Назарҳо: 425

Маҳмадамин Бозичаевич Маҳмадаминов дар зумрае аз тоҷиконест, ки бештар аз ҳафт сол дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сар бурдааст. Ӯ тайи ин муддат, аз моҳи январи соли 2014 то моҳи апрели соли 2021 намояндаи доимии Тоҷиикистон дар СММ, мақарраш дар Ню-Йорки Амрико буд.

Маҳмадамин Маҳмадаминов 22 апрели соли 1961 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст ва миллаташ тоҷик аст. Ба иттилои «Википедия», фаъолияти кории оқои Маҳмадаминов аз коргарии одӣ дар совхози Шуғнони ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар соли 1978 шуруъ шудааст. Дар ин мабаъ гуфта мешавад, ӯ то соли 1983 корманди ин совхоз будааст.

Соли 1988 Маҳмадамин Маҳмадаминов роҳӣ омӯзишро пеш гирифт ва дар ҳамон сол донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин гашт. Ӯ дар риштаи филологияи ин донишгоҳ, ки феълан Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон унвон дорад, таҳсил кардааст. Ҳамчунин ӯ фориғуттаҳсили Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико низ мебошад. Аммо оқои Муҳаммадаминов номзади илмҳои иқтисодӣ аст. Вай дар соли 2002 рисолаи илмӣ ҳимоят кард ва номзади улуми иқтисодӣ шуд. Ӯ дар ин сол дар Донишгоҳи давлатии техникии ба номи Муҳаммад Осимии Тоҷикистон дар мавзуи “Асосҳои ташкилӣ-иқтисодии зиддибуҳронии мудирияти ширкатҳо: бар асоси маводи саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” рисолаи илмӣ дифоъ кардааст. Дар ин бора сойти русии “ЦетрАзия” иттилоъ медиҳад. Дар ҳамин ҳол “Википедия” бошанд, аз ӯ ба унвони донандаи забонҳои англисӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ ва олмонӣ (бо луғат) ёдоварӣ кардааст.

Мавсуф дар солҳои 1988-1990 ҷонишини котиб, котиби Ташкилоти комсомолии Тоҷикистон будааст. Солҳои 1990-1991 бошад, ҷаноби Муҳаммадаминов ба унвони котиби Кумитаи марказии Иттиҳоди ҷавонони коммунистии ленинии (ЦК ЛКСМ)-и Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Маҳмадамин Маҳмадаминов Бозичаевич солҳои 1993-2003 мудири кулли Лоиҳаи ҷамъияти кӯҳистонии Барномаи тавсеаи Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон ва Покистон буд. Дар соли 2003 бошад, ӯ ба муованати аввали раиси ҶСК «Ориёнбонк» расид. Ҳамчунин мавсуф солҳои 2005-2010 раёсати бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро ба уҳда дошт.

Маҳмадамин Маҳмадаминов бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2010 вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Вай дар ин симмат чаҳор сол фаъолият кард ва моҳи январи соли 2014 ба ҳайси намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид мансуб шуд, вале дар апрели соли 2021 тайи як амри раисҷумҳури Тоҷикистон аз ин мансаб баркарнор гашт.

Хабаргузории «Азия плюс» менависад, ӯ ба унвони намояндаи доимии кишвар дар СММ барои пазируфтани пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди об аз сӯйи ин созмони байналмилалӣ мусоидат кард. “Ӯ ҳамчунин нақши муҳиме дар ташкили конфронс ва ҳамоишҳои байналмилалии марбути обу экологияе, ки ба СММ аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буданд, дошт”, - навиштааст хабаргузории “Азия плюс”.

Ба ин иттилои ин манбаъ, дар замони фаъолияти ӯ дар СММ Тоҷикистон барои аввалин бор ба унвони узви Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид интихоб шуд. “Дар соли 2017 Маҳмадамин Маҳмадаминов ба муддати ду сол мувоини раиси ин шӯрои СММ интихоб гашт. Он замон аксари кишварҳо, бахусус ҷамоҳири Чину Куриё ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба ҷонибдорӣ аз ӯ раъй дода буданд”, - меафзояд хабаргузории “Азия плюс” дар матлабаш.

Маҳмадамин Маҳмадаминов оиладор ва падари чаҳор фарзанд аст.

"Тоҷикони Амрико"