Малика, ҳунарманди тоҷик: Аз рақс дар Ҷопон то меҳмондорӣ дар Амрико
-
Назарҳо: 206
Малика Қаландарова аз раққосаҳои матраҳи Тоҷикистон аст. Ҳарчанд шояд насли ҷавон аз ӯ ошноии комил надошта бошад, аммо дар рӯзгори гузашта, замоне ки Тоҷикистон гӯшае аз Иттиҳоди Шӯравӣ буд, Малика Қаландарова яке ҳунармандони машҳури соҳибунвон аз Тоҷикистон маҳсуб мешуд ва набуд нафаре дар кишвар, ки ӯро нашиносад.
Албатта, истиқлол шароити дигарро ба вуҷуд овард ва саҳнаи рақси миллии васеътару “майдондор”-ҳои мо бештар шуданд. Ин, албатта, як ҳақиқати бебаҳс аст. Аммо асотиде ҳам дар саҳнаи рақс, ки дар замони қабл аз истиқлол шуҳрате ба кишваре зам мекарданд, набояд фаромӯш шаванд, агарчи иддае аз онҳо Тоҷикистонро ба манзури зиндагӣ дар кишвари дигаре тарк кардаанд.
Малика Қаландарова дар зумраи чунин ашхос буда. Ӯ дар дуюми сентябри соли 1950 дар шаҳри Сталинобод, пойтахти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Душанбеи ҳозир таваллуд шудааст. Оилаи онҳо аз яҳудиҳои Бухоро буд, аммо дар Самарқанд мезист, ки баъдан, яъне қалб он ки ин ҳунарпеша ба дунё биёяд, ба Душанбе омад. Мавсуф раққоса, ҳунарпеша ва омӯзгори тоҷик аст. Фаъолияти кории Малика Қаландарова аз соли 1965 аз дастаи рақсии “Лола” шуруъ мешавад.
Ӯ замоне ки 15 сол дошт, фаъолияти худро ба унвони раққоса дар дастаи рақсии “Лола” оғоз кард. Қабл аз ин ки вориди майдони рақс шавад, ӯ аллакай вориди синамо шуда буд. Аммо чун Малика Қаландароваро бештар ҳамчун раққоса мешиносанд, лозим аст, то аввал ба муаррифии ӯ аз даричаи рақс ворид шавем.
Мавсуф бо ёдоварӣ аз оғози фаъолияташ дар як суҳбат бо радиои ВВС гуфтааст: “Соли 1965, баъди озмун вориди гурӯҳи тозатаъсиси "Лола" шудам, ки раҳбари он устод... Валаматзода буданд. Он замон маконе, ки машқ мекардем, театри "Сабз" ном дошт ва паҳлуи чойхонаи "Роҳат" воқеъ буд”.
Хонум Қаландарова дар 30-солагӣ, яъне дар соли 1980 дар "Дастаи суруду рақси Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон" ба фаъолият пардохт ва то соли 1991 дар ин даста кор кард. Вай дар тӯли фаъолияташ рақсҳои тоҷикие аз қабили «Духтари хандон», «Шодиёна», «Баёти панҷ», «Гули бахт», «Духтари кӯҳсор», «Мор», рақсҳои афғонии «Бобоқирон», японии «Сахура», «Баҳор», туркии «Муҳаббати ман», русии «Коробейники», ҳиндии «Олиҳа», испании «Фламенко», хоразмии «Лазги», арабии «Орзу» ва ғайраро иҷро кардааст.
Тавре гуфтем, Малика Қаландарова қабл аз рақс дар синамо падид омад. Аввалин нақшро дар синамо ӯ соли 1961, чаҳор сол қабл аз он ки расман вориди майдони рақс шавад, иҷро кард. Ҳамин тариқ ин ҳунарманд аз соли 1961 то 1989 дар филмҳои “Зумрад”, “Шаҳу арӯс”, “Ҳикояе аз Рустам”, “Тӯфон дар водӣ”, “Ва боз як шаби Шаҳрзода”, “Ҳикояҳои ҷадиди Шаҳрзода”, “Охирин шаби Шаҳрзода”, “Шералӣ ва Ойбарчин” нақш офаридааст.
Малика ҳанӯз дар соли 1972 Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон ва дар соли 1976 Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон шуд. Ӯ дар 34-солагияш мушарраф ба гирифтани унвони Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС гашт ва дар чанд сафарии ҳунарии санъаткорон ба гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон, Ҳинд, Эрон, Афғонистон, Фаронса, Бегия, Ҷопон ва ғайра онҳоро ҳамроҳӣ кард.
Ин ҳунарпеша дар давоми фаъолияташ бо навозандаи машҳур Исҳоқ Гулкоров оила барпо кард, ки эшон аз зиндагии муштарак ду фарзанд доранд. Марк ва Артур фарзандони ин ду санъаткор ҳастанд.
Соли 1993 Малика Қаландарова ҳиҷрат кард. Ӯ он сол ба Амрико рафт ва феълан муқими ин кишвар аст.
Албатта, ҳиҷрат тағйиротеро дар зиндагии ӯ ворид кард. Аммо ин тағйир ӯро аз масири аслӣ, дунёи ҳунар дур накард. Ӯ, ки соли 2009 Тоҷикистон рафта буд, тайи як суҳбаташ бо ВВС гуфт, ки дар солҳои аввали ҳиҷрат дар Амрико ба тарғибу ташвиқи коло машғул шуд ва аз ин ҳисоб зиндагияшро пеш мебурд. Ӯ дар ин бора дар суҳбат бо ВВС гуфтааст: “Аз ҷумла ман, дар рӯзҳои аввали муҳоҷират ба Амрико тоҷи шоҳӣ, ки ин ҷо дар сар доштам ва Ҳунарпешаи шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ будам, тоҷамро як сӯ гузошта ва рафтам ба корхонае, ки он ҷо ташвиқу тарғиби колоҳои онҳоро бикунам ва 20 фоизи даромад аз фурӯш ҳаққи ман буд”.
Аммо ин ҳунарманд ба ин кор, ки аз он музд мегирифт, иктифо накард. Аз пуле, ки аз таблиғи коло барои фурӯш гирдоварӣ карда буд, Мактаби байналмилалии рақси Маликаро созмон дод. Ҳунарпеша дар мусоҳибаи ёдшудааш, ки соли 2009 бо ВВС анҷом додааст, мегӯяд: “Дӯстон, ки аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Амрико буданд, мепурсиданд, ки давлати Амрико бароятон ин мактабро таъсис дод? Ман мегуфтам, ки чӣ гуна Амрико, чӣ гуна давлат?! Заҳмати чандинсолаи худам, ин ҷо касе бароят чизе намедиҳад, то худат коре накарда бошӣ. Имрӯз аллакай 12 сол аст, ки ин мактаб дар Амрико сабти ном шуда ва дар ҷашнҳои бузурги давлатӣ ҳунарнамоӣ мекунад”.
Дар аксари манобеъ омадааст, Малика Қаландарова либоси рақсияшро худаш медӯзад. Ӯ низ дар мусоҳиба бо ВВС аз рақсаш дар Ҷопон ёдоварӣ карда, ин ҳарфро таъйид менамояд: “Ман барои ҳар як аз рақсҳоям худам либос тайёр мекардам ва дар як барнома дар Жопун аз ман пурсиданд, ки "чаро бо пайдо шудани Шумо дар саҳна толор беист кафкӯбӣ мекард, дар ҳоле ки шумо ҳануз ба рақсидан шурӯъ накарда будед?" Ман гуфтам, ки намедонам, ман барои нахустин бор дар Жопун баромад мекунам. Баъдан бароям гуфтанд барои либоси рақсие, ки Шумо интихоб кардаед, барои рақси худ”.
Малика Қаландора бори ахир соли 2016 дар Тоҷикистон буд. Ӯ дар суҳбат бо хабаргузории “Авасто” гуфта буд, ки бо даъвати раисҷумҳур барои ширкат дар маросими 25-солагии истиқлоли кишвар Тоҷикистон рафтааст.
Ӯ дар суҳбат ба “Авасто” гуфтааст: “Душанбе ва Тоҷикистон рӯҳу тан, аввалин нафас ва аввалин қадами мананд. Инак, ман инҷоям. Танҳо мева мехӯрам. Ба ин ҳад меваи хушмазза дар ҳич гӯшаву канори дунё нест”.
Ӯ ҳарчанд аз кишвар дур аст, мегӯяд, ҳич гоҳ бе ёди Тоҷикистон нест, ҳатто дар хона ғизои тоҷикӣ омода мекунад. “Магар нафаре, ки бо ғизоҳои тоҷикӣ бузург шудааст, метавонад, ки яку якбора аз он бурида бошад? Ман худам ҳар ҳафта палов мепазам, самбӯса мекунам, шӯрбо ба навъи тоҷикӣ таҳия мекунам ва рестуронҳое он ҷо дорем бо номҳои "Самарқанд", "Тоҷикистон", "Ӯзбакистон" ва дар баробари ин мо родиюи тоҷикӣ дорем, рӯзномаи тоҷикӣ дорем, дар конолҳои 57 ва 58-уми телевизиюн барномаҳое ба забони тоҷикӣ дорем... Аксаран меҳмононе, ки аз Тоҷикистон ба Амрико мераванд, ҷамъияти яҳудиёни бухороӣ онҳоро пазироӣ мекунад ва бо тамоми расму ойини тоҷикона меҳмондорӣ мекунем”, - гуфтааст ӯ дар суҳбаташ бо ВВС.
"Тоҷикони Амрико"