Путин бо президенти Тоҷикистон вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
-
Назарҳо: 245
Дафтари матбуотии Кремл хабар дод, ки президенти Русия, Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вазъи Афғонистонро баррасӣ намудааст ва сарони давлатҳо ба мувофиқа расидаанд.
Зимни сӯҳбати телефонӣ Президенти Русия, Владимир Путин ба зодрӯзаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро табрик гуфт. ", - омадааст дар паём.
Инчунин дар паём омадааст, ки Владимир Путин қаблан ба Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ фиристода буд.
Дар авоили моҳи август Толибон ҳамлаи худро ба нерӯҳои давлатии Афғонистон шиддат дода, 15 август вориди Кобул шуданд. Дар ду ҳафтаи охирини моҳи август эвакуатсияи оммавии шаҳрвандони Ғарб ва шариконаш аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояти низомии ИМА қарор дорад, сурат гирифт. Шаби 31 август низомиёни ИМА аз фурудгоҳи Кобул баромада, тақрибан 20 соли ҳузури низомии худро дар Афғонистонро ба итмом расониданд.
"ТА"