Loading color scheme

Масири Ҷайҳун Насимӣ: Аз Қубодиён то “Ҳолливуд”

Назарҳо: 161

 

Ҷайҳун Насимӣ исми ошно дар синамои Амрикост, ки расонаҳои тоҷикӣ ҳанӯз чанд соле пеш дар бораи ӯ навишта буданд. Аммо дар бораи ин коргардони тоҷик дар расонаҳо маводи кофие мунташир нашудааст. Ӯ аз коргарондонҳои синамои тоҷики муқими Амрико аст, ки то ҷое дар ин соҳа тоза маъруф мешавад. Ӯро бо номи Ҷеймс Насимӣ низ мешиносанд.

Ҷайҳун Насимӣ, ки феълан 37 сол дорад, соли 1986 дар Тоҷикистон таваллуд ва тарбият ёфтааст. Ӯ то синни 13-солагӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 48-и ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон таҳсил кард ва пас аз он омӯзишро дар Литсеи тоҷикӣ – туркӣ давом дод. Мавсуф соли 2001 аз ин мактаб фориғуттаҳсил ва ҳамон сол донишҷӯи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе шуд. Ӯ дар риштаи таърих ва дипломатия таҳсил кард, ки соли 2006 муваффақ ба дарёфти дипломи сурх аз ин донишгоҳ шуд. Тайи ин муддат Ҷайҳун Насимӣ суҳбат бо панҷ забони хориҷиро низ ёд гирифт. Ба ҳамин минвол пас аз хатми донишгоҳ, соли 2008 Ҷайҳун Насимӣ ба Швейтсария рафт ва пас аз як соли иқомат дар он ҷо ба Тоҷикистон баргашт.

Ин коргарони тоҷик дар суҳбат бо “Тоҷикони Амрико” гуфт, дар соли 2008 ба хулосае омад, ки орзуҳояшро бояд дунбол кунад, дар ҳоле ки мехост дар филмҳо нақшҳое иҷро ва филҳомеро низ коргардонӣ кунад. Ба ин манзур буд, ки ӯ меафзояд, дар соли 2009 ба Лос Анҷелес рафт, то дар масири расидан ба орзуҳояш дар соҳаи синамо гом бардорад. Аммо ин масир ба Амрикоро ӯ ба осонӣ тай накардааст.

Барои аввалин бор Ҷайҳун Насимӣ мехост соли 2004 ба Амрико равад, аммо он замон ӯ муваффақ ба дарёфти визои ин кишвар нашуд. Соли 2009, вақте ки бори дигар талош кард, тавонист, то визои донишҷӯии ин кишварро соҳиб ва муқими ин кишвар шавад. Пас аз ҳиҷрати ӯ ба Амрико, марҳила ба марҳила мушкилоти марбути ҳиҷрати ӯ дар ин кишвар паси сар шуданд. Ҷайҳун Насимӣ мегӯяд, дар тӯли солҳои зиёди пур аз талош, ширкат дар санҷишҳо барои иҷрои нақше, омӯзиши сенариянавсӣ ва дар маҷмуъ санъати филмофарӣ муваффақ ба тавлиди филми аввалини худ дар “Ҳолливуд” дар соли 2016 шуд, ки як сол пас, соли 2017 он филм ба намоиш гузошта шуд.

Ҷайҳун Насимӣ мегӯяд, ҳамеша орзу дошт, то бозигари филме бошад ва филм офарад. Ӯ меафзояд: “Қабл аз донишҷӯи донишгоҳ шудан ин ҳам орзуро доштам, аммо ҳич гоҳ тасаввур намекардам, ки дар донишгоҳ дар ин ришта таҳсил менамоям, зеро чунин тахассусҳо дар он замон дар миёни ҷавонони Тоҷикистон маъруф набуданд, балки риштаҳое чун ҳуқуқ, иқтисод, молия ва IT дар миёни ҷавонон шуҳрат доштанд. Дар чунин ҳол медонистам, ки хоҳиши ман дар ҷиҳати таҳсил дар риштаи синамо аз тарафи волидонам рад мешавад, бинобар ин аз онҳо чунин як дархосте накардам”.

Аммо ин худдорӣ аз ифшои роз дер давом накард. Ба гуфтаи ин коргардон, вақте дар соли дувуми донишгоҳ таҳсил мекард, комилан мутмаин шуд, ки ӯ мехоҳад коргарони филм шавад. Ҳамчунин дар замон буд, ки ҷуръат кард, аз падар бипурсад, то ӯ ризоят бидиҳаду Ҷайҳун дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикисон таҳсилашро идома бидиҳад, аммо падар ин дархости писарро рад кард.

Бо вуҷуди ин ҳама ишқи синамо бо гузашта солҳо дар дили ӯ меафзуд, ба ҳадде ки пас аз як соли зиндагӣ дар Урупо Ҷайҳун Насимиро ба Тоҷикистон овард ва маҳз дар Тоҷикистон тасмими ӯ ниҳоӣ шуд. Шавқу шӯри ишқи синамо масири зиндагии ӯро комилан тағйир дод. Бар пояи хуруҷи ин шавқу шӯр дар соли 2008 Ҷайҳун Насимӣ тасмим гирифт, ки ба Амрико хоҳад рафт ва дар “Ҳоливуд” ҳирфаи коргардониро дунбол хоҳад кард. Ин орзуи ӯ пас аз нуҳ соли талош дар Амрико ҷомаи амал пӯшид. Соли 2017 аввалин филми ӯ ба унвони “Шикастнопазир” таҳия шуд.

Филми "Шикастнопазир" дар бораи ду бародари дугоник нақл мекунад. Ин бародарон дар ҷанги шаҳрвандӣ аз якдигар ҷудо мешаванд. Яке аз онҳо бо амри тақдир ба Амрико мераваду дигаре ба Афғонистон. Дувумӣ он ҷо ба суфуфи ҷангҷӯёни толибон мепайвандад.

Ин филм, ки ба иттилои хабаргузории “Спутник”, бо ҳазинаи 650 ҳазор доллар сохта шуд, аз сарнавишти ду бародар — Рустам ва Суҳробро ҳикоят мекунад. Онҳо дар хурдсолӣ, дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҳам ҷудо шуда ва ба амри тақдир дар майдони ҷанг дар Афғонистон рӯ ба рӯ мешаванд. Аммо онҳо замоне бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд, ки яке ҷангҷӯи гурӯҳи "Толибон" асту дигаре сарбози артиши Амрико.

Ҷайҳун Насимӣ ҳарчанд феълан ба ҳайси нозир дар як ширкати борбарӣ фаъолият менамояд, вале ҳамеша банду саргармӣ филмсозист, зеро ин бахшро дӯст медорад. Ӯ то ин замон се филми бузург ва 12 филми кутоҳро дар “Ҳолливуд” таҳия кардааст. Нахустин китоби ҳаҷвии тоҷикии “Марди меҳрубон” дар Амрико низ мутааллиқ ба қалами ӯст.

Ӯ мегӯяд: “Тамоми филмҳо ва тарҳҳое, ки эҷод карда будам, даромаде бароям наоварданд. Тарҳҳои бузурге таҳия шудаанд, аммо пул нест. Ман дигар мисли қабл ҷавон нестам, бинобар ин болои он тарҳҳое тамаркуз менамоям, ки даромад дошта бошанд. Филмофарӣ амалест, ки талоши гаронқиматро тақозо менамояд, бинобар ин ба даст овардани пул барои боқӣ мондан дар ин бахши санъат хеле муҳим аст”.

Зимнан Ҷайҳун Насимов дар охири суҳбат бо мо аз ҳадафаш дар ҷиҳати рӯнамоӣ аз силсилафилми “Уқоб ва бум”-аш ёдовар шуд, ки чанде пеш сабт шуда, феълан дар марҳалаи вироиш ва баъдитавлидӣ қарор дорад. “Уқоб ва бум” аз зиндагӣ ва фаъолияти чаҳор ронандаи таксие ҳикоят мекунад, ки рӯз таксиронӣ мекунанду шаб дуздӣ. Ҳол он ки зиндагии ин ронандагонӣ таксӣ ба ҳам танидааст.

Дар бораи ин ки қазияи ин ронандагон ба чӣ меанҷомад, коргарони тоҷик чизе нагуфт, ба ҷуз он ишора, ки гуфт, филми “Уқоб ва бум” аз “мукофоти амал”-и ин ронандагон низ сарфи назар накардааст.

"Тоҷикони Амрико"