Корпартоии коргарони тоҷики ширкати чинӣ дар кони тилои Айнӣ

Назарҳо: 161

Тақрибан 200 коргари маҳаллии кони тилои “Кумарғи боло”-и ноҳияи Айнӣ, ки ба ширкати ТВЕА-и Чин вобастагӣ дорад аз хӯрокҳои камғизои ин ширкат ба ҷон омада, корпартоӣ карданд.

Масъулони ошхонаи ин ширкат рӯзи 25-уми июн барои коргарони маҳаллӣ, ки аксаран тоҷикҳо ҳастанд ғизои нимарӯзӣ, иборат аз биринҷу марҷумаки обҷӯшро оварданд, аммо коргарон ба нишони эътироз ва бо назардошти камғизо будани он дегро ба замин андохтанд. Онҳо мегӯянд, "Кумарғи боло" дар баландкӯҳ қарор дорад, кор вазнину пурмашаққат аст ва онҳо ба хӯрокҳои пурғизо ниёз доранд.

"ТА"